Ашраф Ғанӣ: Аз Эрон сипосгузорем
Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Афғонистон пас аз қироати қатъномаи луйиҷиргаи машваратии сулҳ ва дархост барои эъломи оташбас гуфт: Дар сурате, ки Толибон омодаи оташбас бошад, давлат низ омодааст то дар ин росто қадам бардорад.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин аз Толибон хост то барои музокирот дар дохили хоки Афғонистон омода шаванд.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон аз кишварҳои кумаккунанда ба ин кишвар аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели ҳимоят аз гуфтугӯҳои байни афғонҳо ташаккур кард.
Ашраф Ғанӣ дар бораи робитаи Амрико ва Афғонистон низ гуфт, ки равобити Кобул бо Вашингтон низ стратегӣ аст.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон хитоб ба Покистон низ тасреҳ кард, ки муносиботи Исломобод бо Кобул низ аз таҳдидмеҳвар ба сулҳмеҳвар тағйир кунад.
Афғонистон пас сулҳ ба тавсиаи иқтисоди Покистон кумак хоҳад кард ва кишвараш хостори робитаи ҳамроҳ бо эҳтироми мутақобил бо Покистон аст.
Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки барқарории сулҳ дар Афғонистон барои ҳеҷ кас набояд ҷойи нигаронӣ дошта бошад.
Ашраф Ғанӣ дар маросими ихтитомияи луйиҷирга ҳамчунин аз озодии 175 нафар аз зиндониёни Толибон хабар дод ва аз аъзои ин гурӯҳ хост то барои таҳвил гирифтани ин зиндониён ба Кобул ва ё дигар вилоятҳои Афғонистон сафар кунанд.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин таъкид кард, ки қатъномаи луйиҷирга ба унвони нақшаи роҳ ва як барномаи амалӣ тавассути давлат пиёдасозӣ хоҳад шуд.