Ихроҷи 200 рӯҳонии мусалмон аз Шри Ланка
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43555-Ихроҷи_200_рӯҳонии_мусалмон_аз_Шри_Ланка
Дар паи бурузи ҳодисаҳои терористӣ дар Шри Ланка, давлати ин кишвар аз ихроҷи атбоъи хориҷӣ аз ҷумла 200 рӯҳонии мусалмон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 06, 2019 07:57 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи 200 рӯҳонии мусалмон аз Шри Ланка

Дар паи бурузи ҳодисаҳои терористӣ дар Шри Ланка, давлати ин кишвар аз ихроҷи атбоъи хориҷӣ аз ҷумла 200 рӯҳонии мусалмон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазири кишвари Шри Ланка аз ихроҷи 200 рӯҳонии мусалмон аз ин кишвар ба хотири гирифтани тадбирҳои шадиди амниятии ноши аз  ҳамлаҳои терористӣ хабар дод.

 Ба навиштаи Вебгоҳи Аларабӣ Ваҷира Ебийвардена вазири кишвари Шри Ланка якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса  бо ишора ба ихроҷи 600 табаъаи хориҷӣ аз ин кишвар гуфт,ки ин рӯҳониён ба таври қонунӣ вориди кишвар шудабуданд, аммо дар паи ҳамлаҳои терористӣ мушахас шуд,ки беш аз ҳади лозим дар кишвар иқомат доштанд.

Вазири кишвари Шри Ланка идома дод; бо таваҷуҳ ба вазъияти феълӣ мо низоми судури раводидро баррасӣ карда ва тасмим гирифтем,ки маҳдудияти судури раводид барои мубалиғони мазҳабӣ шидат ёбад. Аз миёни касоне,ки ихроҷ шуданд, ҳудуди 200 нафар воъизи мазҳабӣ буданд.

Бар асоси ин гузориш,бомбгузориҳои рӯзи иди пок,ки боиси кушта шудани 257 нафар ва захмӣ шудани наздик ба 500 нафар шуд, аз суи фарди мазҳабие,ки ба Ҳинд сафар карда ва бо ифротгароён дар ин кишвар тамос барқарор карда буд, сурат гирифт.

Дар ҳоле,ки моҳи мубораки Рамазон аз шашуми май дар ин кишвар оғоз шудааст, як мақоми давлатии Шри Ланка ба Рейтерз гуфт,ки бар асоси иттилооти касб шуда эҳтимоли ҳамлаи терористҳо вуҷуд дорад ва ба ҳамин далел пулис ва неруи амниятӣ дар саро сари кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд.