Хабаргузории Шинҳуо и Чин; муқовимати эрониён бо таҳрим намешиканад
Хабаргузории расмии Чин ( Шинҳуо ) гузориш кард, мардуми Эрон ҳаргиз таслими таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико намешаванд ва тасмимгириҳои ахири давлати Эрон дар баробари Вашингтонро мантиқӣ ва табии медонанд.
Хабаргузории Шинҳуо дирӯз ҷумъа дар матлаби таҳлилие навишт, шуморе аз шаҳрвандони эронӣ дар мусоҳибаҳои худ бо ин хабаргузори таъкид карданд ба рағми ҳамаи фишорҳои Амрико,онҳо ба ҳимоят аз давлати худ идома хоҳанд дод.
Шаҳрвандони эронӣ гуфтанд; барои шароити сахти сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ҳастанд ва тардид надоранд,ки таҳримҳои Амрико зидди миллти Эрон ба натиҷаи дилхоҳи Вашингтон нахоҳад анҷомид.
Яке аз шаҳрвандони Эрон ва аз мудирони як ширкати таблиғотӣ дар Теҳрон гуфт; миллати Эрон солҳо таҷрибаи таҳрими Амрикоро доранд аммо таслими Амрико намешаванд.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, ҳаштуми моҳ майи 2018 ба таври якҷониба ба нақзи таъаҳудоти Вашингтон зейли Барҷом кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаии Эронро эълом кард.
Эрон аз рӯзи чоршанбе ( 18 майи 2019 ) бархе иқдомҳои худ дар Барҷомро мутавақиф кард ва ба кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ,60 рӯз барои иҷроии таъаҳудоти худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ фурсат дод.