Эъломи вазъияти фавқулода дар пойтахти Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43702
Артиши Покистон эълом кард бо таваҷҷуҳ ба вуруди 10 то 12 террорист ба Исломобод вазъи амниятии фавқулода дар бархе аз минтақаҳои ин шаҳр иҷроӣ мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 12, 2019 12:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи вазъияти фавқулода дар пойтахти Покистон

Артиши Покистон эълом кард бо таваҷҷуҳ ба вуруди 10 то 12 террорист ба Исломобод вазъи амниятии фавқулода дар бархе аз минтақаҳои ин шаҳр иҷроӣ мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, артиши Покистон эълом кард бо таваҷҷуҳ ба вуруди 10 12 террорист ба Исломобод вазъи амниятии фавқулода дар бархе аз минтақаҳои ин шаҳр иҷроӣ мешавад.

Дар ин паём эълом шудааст, ки тадобири амниятӣ атрофи бархе аз фурушгоҳҳои занҷираӣ ва минтақаҳои тиҷории шаҳри Исломобод афзоиш ёфтааст.

Аз шаҳрвандон низ хоста шудааст, ки аз рафту омади ғайри зарурӣ дар минтақаҳои шулуғи шаҳр худдорӣ кунанд.

Фармондеҳи полиси Исломобод бо ширкат дар як конфронси хабарӣ бо эъломи вазъияти фавқулода дар ин шаҳр аз эҷоди ист ва бозрасӣ дар масирҳои вурудӣ ва хуруҷии пойтахти Покистон хабар дод ва афзуд, худаш бар тадобири амниятӣ барои ҳифзи оромиш дар шаҳри Исломобод назорат мекунад.