Худкушии низомии террористи амрикоӣ дар бозгашт аз ҷанги Афғонистон
Як низомии террористи амрикоӣ баъд аз бозгашт аз ҷанги тӯлонимуддат дар Афғонистон ба иллати сархурдагӣ ва афсурдагии фаровон худкушӣ кард.
Ба гузориши рӯзномаи “Вашингтон пост”, полиси шаҳри Гринвелли иёлати Калифорния эълом кард, ҷасади Ҷорд Ҷон, куҳнасарбози Амрико, ки ахиран аз ҷанги Афғонистон бозгаштааст, дар хонаи вай пайдо шудааст.
Бар асоси гуфтаҳои падари Ҷорд Ҷон, вай баъд аз бозгашт аз ҷанги Афғонистон дучори афсурдагии шадид шуда буд ва беш аз як ҳафта аз мушкилоти равонӣ натавонист бихобад.
Аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 то кунун, ҷомеаи байналмилал шоҳиди куштори ғайринизомиён дар ин кишвар дар амалиёти зиёди нерӯҳои амрикоӣ будааст.
Сӯзонидан ва қитъа-қитъа кардани аҷсоди ғайринизомиён ва гирифтани акси ёдгорӣ бо онҳо, эҷоди зиндонҳои махфӣ ва ҳамла ба маҷолиси арӯсӣ танҳо бахше аз ҷиноёти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аст.
Ҳамчунин истифода аз равишҳои бозҷӯии зидди ҳуқуқи башарие монанди ғарқи маснуӣ, иҷбор ба истодан барои соатҳои тӯлонӣ, ҷилавгирӣ аз хобидани зиндониён ба муддати як ҳафта, таҳдиди аъзои хонаводаи зиндониён аз дигар рафторҳои зиддиинсонии амрикоиҳо дар қиболи шаҳрвандони афғон аст.