Тавсияи фармондеҳи пешини артиши Покистон ба Исроил дар бораи Эрон
Фармондеҳи пешини артиши Покистон ба ҳокимони режими саҳюнистӣ тавсия кард, ки ба ҳаракати ғалат алайҳи Эрон, бо кумаки амрикоиҳо фикр накунанд. Зеро эрониён тавоноии лозимро барои посухи бузург ва ғофилгирона ба Исроил доранд.
Ба гузориши “Алъолам”, Мирзо Асламбег, фармондеҳи собиқи артиши Покистон дар мақолае, ки дар рӯзномаи англисизабони “Нейшн” мунташир шуд, афзуд, ба назар мерасад Амрико ва режими саҳюнистӣ аз ҷангҳои феълӣ, ки аз сӯйи онон дар минтақа таҳмил шудааст, дарс нагирифтаанд.
Вай тавсия кард, ки режими саҳюнистӣ аз иртикоби ҳар гуна ҳаракати ғалат ба пуштибонии Амрико алайҳи Эрон иҷтиноб варзад, зеро посухи ҷумҳурии исломӣ ба чунин ҳамоқатҳое қатъан ғофилгирона хоҳад буд.
Ин генерали собиқи покистонӣ гуфт, Доналд Трамп дар ҳоли тақвияти нерӯҳои роҳбурдии дарёии Амрико дар халиҷи Форс аст, аммо ҳадаф аз он набарди дарёӣ нест, балки эҷоди тарс ва фишор алайҳи Эрон аст.
Мирзо Асламбег дар идомаи ин мақола ёдовар шудааст, ки Амрико дар соли 1980 Ироқро тарғиб ба таҷовуз ба Эрон кард то бо зарба задан ба инқилоби исломӣ, фазои тағйири давлат дар Эронро эҷод кунад, аммо пирӯзӣ мутааллиқ ба эрониён буд ва ба қудрати инқилоби исломӣ низ изофа шуд.
Фармондеҳи пешини артиши Покистон бо ишора ба авзои феълӣ дар минтақа ва таҳаввулоти марбут ба равобити Теҳрон ва Вашингтон навишт, Эрон ҳаргиз дар садади ҳадаф қарор додани нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа нест, аммо душманони Эрон дар талош ҳастанд то Вашингтонро ба ҷанг бо Теҳрон тарғиб кунанд.