Намояндаи конгираи Амрико иддаоҳои Кохи Сафед дар бораи Эронро рад кард
Узви демократи Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз дастёбӣ ба иттилооти сиррӣ, иддаоҳои давлати ин кишвар алайҳи Эронро рад кард.
Робин Галего намояндаи иёлати Аризона ва узви демократи Маҷлиси намояндагони Амрико дар мусоҳиба бо рӯзномаи Вашингтон-Пост гуфт, иттилооти маҳрамона ба наҳве дасткорӣ шудааст, то дар таҳдиди Эрон алайҳи Амрико ва муттаҳидонаш иғроқ шавад.
Ин намояндаи иёлати Аризона аз қонунгузорон ва Кохи Сафед хост, то дар робита бо ин иттилоот бо хештандорӣ амал кунанд.
Галего таъкид кард, Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Амрико ва Том Коттен сенатори ҷумҳурихоҳ ду омили аслии эҷоди бардошти ғалат аз ин иттилооти маҳрамона ҳастанд.
Галего ҳамчунин рӯзи шанбе дар твитте бо радди иддаоҳои Коттен навишт, ӯ ба шиддат дар бораи вазъият иғроқ мекунад, то мақомоти амрикоиро барои ҷанг бо Эрон таҳрик кунад.
Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аз Болтон ва Майк Пампео вазири умури хориҷаи ин кишвар ба далели ташдиди танишҳо бо Эрон нохурсанд аст.
Пештар Ҷон Болтон иддао карда буд, Амрико иттилооте дарёфт кардааст, ки нишон медиҳад Эрон бо неруҳои ниёбатии ин кишвар қасди ҳамла ба манофеъи Амрикоро доранд.
Сиёсатҳо ва иқдомоти ҷангталабона ва таҳдидомези Кохи Сафед бо вокуниши манфии мақомоти амрикоӣ ва ҳамчунин давлатҳои аврупоӣ ру ба ру шудааст.
Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон низ ҳамвора таъкид кардаанд, ки ҳаргуна иқдоми ҷангталабонаи Амрико, вокуниши муносибро дар пай хоҳад дошт.