Май 19, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Маскав аз машруъияти байналмиллалии Фаластин

Раиси ҷумҳури Русия дар номае ба Маҳмуд Аббос раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бар ҳимояти Маскав аз машруъияти байналмиллалии Фаластин таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Путин дар номаи худ ба Маҳмуд Аббос гуфтааст, Русия нигарони ҳаргуна талош барои зери пой гузоштани қавонини Созмони Миллал ва қавоиди байналмиллалӣ аст.

Путин бо ишора ба таҳаввулоти Қудси ишғолӣ ва муомилаи қарн таъкид кардааст, ки Русия аз машруъияти байналмиллалии Фаластин ҳимоят мекунад.

Димитрӣ Песков сухангӯи Кремлн рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки талош мешавад Путин ва Аббос моҳи июни оянда дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳам дидор кунанд.

Маҳмуд Аббос чанд моҳ пеш дар суханоне ба муносибати панҷоҳу чаҳорумин солрӯзи таъсиси Ҷунбиши Фатҳ дар Ромуллоҳ гуфта буд, ки ҳаргиз ба Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико иҷоза нахоҳем дод Қудсро ба Исроил бифурушад.

Раиси Ҷунбиши Фатҳ таъкид карда буд, Қудс фурушӣ нест ва мо ҳаргиз заррае аз хоки худ сарфи назар нахоҳем кард.

Барчасп