Нигаронии Афғонистон аз пинҳонкории Амрико дар раванди сулҳ
Раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар робита бо ин, ки Амрико давлати Афғонистонро дар ҷараёни ҳамаи ҷузъиёти гуфтугӯҳояш бо “Толибон” қарор медиҳад, ибрози тардид кард.
Таймз Индия ба нақл аз ин ин мақоми аршади афғон навишт: Халилзод (намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон) ва тимаш бо могуфтугӯҳо (бо “Толибон”) –ро ба иштирок гузоштанд, аммо мутмаин нестем, ки ҳамаи ҳақиқатро ба мо мегӯянд.
Ахиран Рӯъё Раҳмонӣ, сафири Афғонистон дар Вашингтон низ дар изҳороте гуфта буд, ки давлати Афғонистон ба андозаи кофӣ дар ҷузъиёти гуфтугӯҳо қарор намегирад ва дидорҳои мақомоти амрикоӣ бо “Толибон” машруиятбахшӣ ба ин гурӯҳ аст.
Раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамаи раҳбарони Покистон, ки барои гуфтугӯ бо Халилзод ба Қатар сафар мекунанд, аз тариқи Покистон ба Дуҳа мераванд ва аз Вашингтон хост, то равобити байни “Толибон” ва Покистон рӯшан шавад.