Ҳушдори генерали амрикоӣ ба Кохи Сафед: Эрон Ироқ нест
(last modified Mon, 20 May 2019 14:23:09 GMT )
Май 20, 2019 19:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори генерали амрикоӣ ба Кохи Сафед: Эрон Ироқ нест

Дейвид Петроус, генерали бознишаста ва фармондеҳи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ва Ироқ, ба давлати Амрико дар хусуси ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, ба Эрон намешавад монанди Ироқ ҳамла кард.

Ба гузориши “Порстудейи форсӣ”, Дейвид Петроус гуфтааст: “Фикр намекунам вазъи мавҷуд миёни Эрон ва Амрико ба ҷанги тамомаёр табдил шавад, зеро раҳбарони сиёсии Амрико ба ҳушдорҳои низомиёни ин кишвар дар бораи чолишҳои иқдоми низомӣ алайҳи Эрон таваҷҷуҳ хоҳанд кард”.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БарҶом дар 8-уми майи соли 2018 корзори ҳамаҷониба барои фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Илова бар ҳарбаи таҳрим, дар чанд ҳафтаи гузашта мақомоти амрикоӣ аз таҳдиди низомӣ ва ҷанг бо Эрон сухан гуфтаанд.

Бо сафороии низомии Амрико дар ғарби Осиё, азҷумла эъзоми новҳои ҷангӣ ва ҳамчунин таҳдиди низомии мукаррари Эрон тавассути мақомоти Вашингтон, нигарониҳо дар ин кишвар ва ҷомеаи байналмилал афзоиш ёфтааст ва сабаби афзоиши ихтилофот миёни ниҳодҳои сиёсии Амрико шудааст.