Май 28, 2019 10:09 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таъассуфи Юнисеф аз афзоиши ҳамалот ба мактабҳои Афғонистон

Сандуқи кудакони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) аз афзоиши ҳамалоти Толибон ва гуруҳи террористии ДИИШ ба мактабҳои Афғонистон ибрози таъассуф ва эълом кард ниме аз кудакони Афғонистон ба мактаб намераванд.

Ба гузориши Рейтерз, Сандуқи кудакони Миллали Муттаҳид дар гузорише эълом кард,  ҳамалоти Толибон ва гуруҳи террористии ДИИШ ба мактабҳои Афғонистон дар соли гузашта тақрибан се баробар шуд ва аз ҳамин ру таҳсили кудакон дар бисёре аз минтақаҳои ин кишвар душвортар шудааст.

Бино бар эъломи Юнисеф дар соли 2018 ҳудуди 192 ҳамла ба мактабҳои Афғонистон анҷом гирифт дар ҳоле, ки теъдоди ин ҳамалот дар соли 2017 ҳудуди 68 маврид буд.

Сандуқи кудакони Миллали Муттаҳид ҳамчунин эълом кард, беш аз ҳазор мактаб дар саросари Афғонистон ба далели таҳдидоти амниятӣ ва эҷоди тарсу ваҳшат аз сӯи аносури Толибон ва гуруҳи террористии ДИИШ таътил шудааст.