Беэътиноии нахуствазири Покистон ба подшоҳи Саудӣ хабарсоз шуд +видио
Видиое,ки аз истиқболи подшоҳи Саудӣ аз нахуствазири Покистон мунташир шуда, нишон медиҳад Имрон Хон пас аз суҳбатҳое,подшоҳи Саудиро раҳо карда ва меравад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, видиое бархурди ғайримаъмули Имрон Хон нахуствазири Покистон бо подшоҳи Саудӣ дар ҷараёни иҷлосҳои рӯзи шанбеи шаҳри Макка бозтоби густардае дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардааст.
Бар асоси ин видио, нахуствазири Покистон ҳангоми вурӯд ба маҳали баргузории иҷлоси Созмони ҳамкориҳои исломӣ, пас аз рӯё рӯи бо Салмон бин Абдулазиз подшоҳи Саудӣ,ки ба истиқболи ӯ омада, суханонеро хитоб ба мутарҷим мегуяд ва бе он,ки мунтазири дарёфти посух бошад, подшоҳи Саудӣ ро бо мутарҷим раҳо карда ва меравад.
Ин видио бо вокунишҳои бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда ва бархе онро нишонаи иқтидори Имрон Хон дар баробари саудиҳо тавсиф кардаанд. Дар муқобил, ҳисобҳои корбарии наздик ба Ҳукумати саудӣ ва ҳамчунин коркунони расонаҳои Саудӣ Имрон Хонро ба риоят накардани пратаколҳои дипламатӣ мутаҳам кардаанд.