Июн 03, 2019 12:43 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Помпео бар ғайри амалӣ будани тарҳи

Ба рағми талошҳои густардаи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико барои таҳаққуқи тарҳи "Муомилаи қарн" Майк Помпо, ки дар ростои манофеъи Исроил ва ба зарари фаластиниҳо аст, аммо ҳатто Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико низ ба имкони амалисозии ин тарҳ бадбин аст.

Помпео ахиран дар як маҳфили хусусӣ изҳороте матраҳ карда, ки нишон медиҳад ҳатто ин депломати баландпояи давлати Амрико ба ин тарҳ бовари чандоне надорад. Бар асоси муҳтавои як фойли савтӣ, ки рӯзномаи Вашингтон-Пост ба он даст ёфта, Помпео дар дидор бо гуруҳе аз сарони яҳудӣ гуфтааст, ҳеҷ зимонате вуҷуд надорад, ки мо қодир бошем гиреҳи муноқишаи исроилӣ-фаластиниро бигушоем. Метавон гуфт ин тарҳ тақрибан ғайри қобили иҷро аст ва мумкин аст бо истиқбол ру ба ру нашавад.

Давлати Трамп дар ду соли ахир ба шиддат тарҳи Муомилаи қарнро дунбол карда ва дар садади эълом ва иҷроӣ кардани он будааст.

Ҷеред Кушнер мушовир ва домоди раиси ҷумҳури Амрико  чанде пеш изҳор дошт, ки тарҳи "Муомилаи қарн" баъд аз моҳи Рамазон рунамоӣ мешавад.

Ба гуфтаи Усома Ҳамдон масъули равобити байналмиллали Ҷунбиши Ҳамос, "Муомилаи қарн" дар ду унвони асосӣ яъне назорати бештари Амрико бар минтақа ва сарватҳо ва манобеъ ва ҳамчунин қарор додани режими саҳюнистӣ ба унвони як режим одӣ дар минтақа ва поён додан ба ба масъалаи Фаластин хулоса мешавад.

Тибқи ин тарҳ, Исроил дар ивази дарёфти имтиёзҳое фаротар аз таъаҳудоти пешини (СОФ) Созмони озодибахши Фаластин ва қатъномаҳои Шурои амният ва илҳоқи бахшҳое аз минтақаҳои ишғолшуда ба хоки худ ва низ сарфи назар кардани фаластиниҳо аз пойтахтии Қудс бо ташкили давлати мустақили фаластинӣ мувофиқат мекунад. Нуктаи муҳим инки ҳамаи шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Каронаи ғарбӣ ба қаламрави режими саҳюнистӣ мулҳақ мешаванд ва бадин тартиб кишварри фаластинӣ дар масоҳате бисёр камтар аз ончи дар тавофуқҳои қаблӣ пешбинӣ шуда буд қарор аст ташкил шавад зимни инки кишвари фаластинӣ фоқиди артиш хоҳад буд. Тибқи ин тарҳ фаластиниён бояд аз ҳаққи бозгашт ба сарзамини худ, ки дар тибқи қатъномаи 194 Шурои амният ба расмият шинохта шуда сарфи назар кунанд. Трамп домоди худ Ҷеред Кушнерро ба унвони даллоли муомила мансуб кардааст.

Бо ин ҳол ба далели муғоирати ин тарҳ бо руйкарди Созмони миллал ва дигар аъзои гуруҳи чаҳорҷониба яъне Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар заминаи наҳваи ҳаллу фасли масъалаи Фаластин бо мухолифати онҳо ру ба ру шудааст. Аз ҷумла аз дидгоҳи Маскав тарҳи Муомилаи қарн бар хилофи қатъномаҳои Созмони Миллал ва низ қавонини байналмиллалӣ аст. ҳатто ташкилоти худгардони Фаластин низ, ки то кунун иқдомоти созишкоронаи зиёде дар баробари режими саҳюнистӣ анҷом дода низ ин тарҳро ғайри қобили пазириш медонад.

Маҳмуд Аббос чанд моҳ пеш дар суханоне ба муносибати панҷоҳу чаҳорумин солрӯзи таъсиси Ҷунбиши Фатҳ дар Ромуллоҳ гуфта буд, ки ҳаргиз ба Доналд Трамп  раиси ҷумҳури Амрико иҷоза нахоҳем дод Қудсро ба Исроил бифурушад.

Акнун давлати Трамп қасд дорад дар ростои иҷроӣ кардани марҳилаи аввали тарҳи Муомилаи қарн иҷлосеро дар Баҳрайн таҳти унвони иҷлоси Манома баргузор кунад, то битавонад манобеъи молии лозим барои иҷрои ин тарҳро аз кишварҳо ва тарафҳои ширкаткунанда дар он таъмин кунад. Дар ин росто Баҳрайн ва Амрико дар 19 май дар баёнияи муштараке эълом карданд Манома дар рӯзҳои 25 ва 26 июн бо ҳамкории Амрико мизбони коргоҳи иқтисодӣ бо унвони сулҳ барои шукуфоӣ хоҳад буд. Бо ин ҳол дар бораи муваффақияти ин иҷлос тардидҳое ҷиддӣ вуҷуд дорад. Вашингтон Созмони Миллалро ба ин иҷлос даъват накарда ва Русия ҳам эълом карда, ки дар он ширкат нахоҳад кад. Помпео дар бораи иҷлоси Манома гуфтааст, умедваор аст кишварҳои арабӣ дар ин нишаст ҳузур ёбанд, то камаш бишунаванд. Вай ҳамчунин гуфта интизор надорад ширкаткунандагони араб пас аз ин нишаст тамом қад ба дифоъ аз тарҳи Амрико бипардозанд.

Бадин тартиб вай ҳатто ноумедии худ дар бораи истиқболи кишварҳои арабӣ аз ин иҷлосро низ иброз кардааст.

 

Барчасп