Июн 04, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳулули Иди саиди Фитр дар баъзе кишварҳои исломӣ

Мардуми баъзе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла мусалмонони Афғонистон, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва мусалмонони Русия имрӯз дар поёни як моҳи рӯзадорӣ ва бандагии Худованд Иди саиди Фитрро ҷашн гирифтанд. Дар Аморот, Қатар, Кувейт, Баҳрайн, Мавритания, Сомалӣ, Ҷибутӣ, Алҷазоир ва Иқлими Курдистони Ироқ низ имрӯз Иди Фитр аст. Мусалмонони Сербистон низ, ки шумори онон ба беш аз 300 ҳазор нафар мерасад, субҳи имрӯз намози Иди Фитри худро дар масҷиди "Баҷракли”-и Белград баргузор карданд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ва ағлаби кишварҳои Осиёи Марказӣ фардоро Иди саиди Фитр медонанд. Эрон, Сурия, Урдун, Тунис, Либия, Судон, Миср, Фаластин ва Давлати Наҷоти Миллии Яман (Ансоруллоҳ) ҳам ба таври расмӣ эълом карданд, ки ҳилоли моҳи шаввол ҳанӯз дар ин кишварҳо дида нашудааст ва имрӯз, сешанбе охирин рӯзи моҳи мубораки Рамазон хоҳад буд. Бархе кишварҳое монанди Умон, Марокаш, шиаёни Ироқ ва Лубнон низ имрӯзро 29-ум рӯзи моҳи мубораки Рамазон медонанд ва дар натиҷа шомгоҳи имшаб ба истеҳлоли моҳи шаввол мепардозанд. Мусалмонони Малайзия, Индонезия, Австралия, Зеландияи Нав, Ҷопон, Филиппин, Таиланд, Покистон, Бангладеш, Ҳинд ва Бруней ҳам шомгоҳи имшаб, мусодиф бо бисту нуҳуми моҳи мубораки Рамазон ба истеҳлоли моҳи шаввол мепардозанд.

Дар бештари кишварҳои исломӣ дар Иди Фитр мардум бо дидори якдигар ва зиёрати аҳли қубур суннати неки силаи раҳмро ба ҷо меоваранд.

 

Барчасп