Июн 07, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Такзиби тавофуқи Маскав бо Вашингтон ва Тел-Авив дар мавриди Эрон

Муовини вазири умури хориҷаи Русия иддаои як расонаи саудиро мабнӣ бар тавофуқи Маскав бо Вашингтон ва Тел-Авив бар сари Сурия ва фишор бар Эрон рад кард.

Сергей Вершинин рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник ҳар гуна тавофуқ бо Вашингтон ва Тел-Авивро дар мавриди ҳокимият ва истиқлоли Сурия такзиб ва чунин тавофуқеро рӯйкарди "тиҷорати маншаона" тавсиф кард, ки Русия дар таомул бо муттаҳидонаш онро дар пеш намегирад.

Джеймс Джеффрей, фиристодаи вижаи Амрико дар умури ғарби Осиё низ гузоришҳо мабнӣ бар пешниҳоди Вашингтон ба Маскав дар хусуси Сурияро нодуруст хонд.

Джеффрей гуфт: Дар нишасти сеҷонибаи Тел-Авив-Маскав-Вашингтон дар мавриди масоили минтақа гуфтугӯ хоҳад шуд.

 

Барчасп