Июн 08, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Амрико иҷозатномаи сохти қатаъоти таслиҳоти низомӣ дар Арабистонро содир кард

Ба рағми истифодаи таслиҳоти низомӣ дар ҷанги Яман алайҳи мардуми бегуноҳи ин кишвар ,Кохи Сафед сохти қатаъоти бомбаҳои пешрафта дар дохили Арабистонро содир кард.

Ба гузориши рӯзномаи Телеграф,ба рағми мухолифати конгира, давлати Доналд Трамп дар моҳи гузашта бо эъломи вазъияти изтирорӣ раванди фуруши таслиҳоти низомӣ ба Арабисто ва Иморот ро тасриъ бахшид. Судури иҷозатномаи  шароити изтирорӣ иҷоза медиҳад то ширкати дифоъии Ройтун и  (Raytheon) Амрико бо Арабистони Саудӣ барои сохти 120 ҳазор қитъа бомбҳои пешрафта дар дохили кишвар бо пуштибонӣ аз ҷангандаи Эф 15  мушакҳои зидди танк ва дигар таҷҳизот ҳамкорӣ кунад.

Ба навиштаи рӯзномаи Телегроф, ҷузиёти ин тавофуқ танҳо тавассути давлати Амрико ба конгира ироа шудааст ва баъд аз ироа боиси барангехта шудани намояндагони ҳарду Ҳизби Демократ ва Ҷумҳурихоҳи Амрико шуд.

Созмонҳои Ҳуқуқи Башари бар ин боваранд,ки сохти ин қатаъот дар дохили Арабистон боис мешавад то Риёз ба бомбҳои пешрафта дастрасӣ пайдо кунад ва аз онон барои саркуби мардуми Яман истифода кунад.

Ба навиштаи рӯзномаи Телеграф,иҷозатномаи Шароити изтирорӣ ба ширкати Ройтуни Амрико ин иҷозаро медиҳад то битавонад бахше аз қатаъоти худро дар дохили Арабистон мунтож кунад.

Аъзои Маҷлиси Санои Амрико дар ҳафтаи гузашта эълом ккарданд,Амрико омодаи фурӯши силоҳ ба арзиши ҳашт миллиард доллар ба Арабистон, Иморот ва Урдун аст.