Фақри ғизоии ҳудуди ниме аз мардуми Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44321-Фақри_ғизоии_ҳудуди_ниме_аз_мардуми_Афғонистон
Сухангӯи Вазорати иқтисоди Афғонистон эълом кард, 44 дарсад аз мардуми ин кишвар аз фақри ғизоӣ ранҷ мебаранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 08, 2019 14:16 Asia/Dushanbe
  • Фақри ғизоии ҳудуди ниме аз мардуми Афғонистон

Сухангӯи Вазорати иқтисоди Афғонистон эълом кард, 44 дарсад аз мардуми ин кишвар аз фақри ғизоӣ ранҷ мебаранд.

Ба гузориши хабаргузории "Садо ва симо"-и Эрон, Суҳроби Баҳман рӯзи шанбе дар Кобул гуфт, 15 миллион нафар аз мардуми Афғонистон тавоноии таъмини ғизои рӯзонаи худро надоранд ва бештари ин афрод дар манотиқи дурдаст, бавижа дар рустоҳои кишвар зиндагӣ мекунанд. Вай ноамнӣ, фақр, хушксолӣ, бекорӣ, коҳиши рушди иқтисодӣ, коҳиши мизони сармоягузорӣ ва бозгашти муҳоҷирони афғонро омилҳои аслии набуди амнияти ғизоӣ дар Афғонистон донист.

Чанде пеш Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон низ эълом карда буд, ду миллион зану кӯдак дар Афғонистон норасоии ғизоӣ доранд.

Бар асоси гузориши Идораи омори Афғонистон, беш аз ниме аз мардуми ин кишвар комилан фақир ҳастанд.