Сентябр 19, 2016 18:25 Asia/Dushanbe
  • Русия бахше аз тавофуқ бо Амрико дар бораи Сурияро ифшо кард

Виталий Чуркин, намояндаи доими Русия дар Созмони милал бахше аз мафоди маҳрамонаи тавофуқ, миёни Маскав ва Вошингтон бар сари Сурияро ифшо кард.

Дар пайи ҳамлаи анҷомшудаи гурӯҳи эътилоф ба саркардагии Амрико ба сарбозони артиши Сурия, Виталий Чуркин намояндаи доими Созмон милал, рӯзи якшанбе, пас аз нишасти изтирории Шӯрои амният дар ҷамъи хабарнигорон, гуфт, мушаххас нест, чаро Амрико бо интишори тавофуқ дар бораи Сурия мухолифат мекунад, аммо ман бахшҳое аз ин тавофуқро барои равшан шудани афкори умумӣ ва ҷилавгирӣ аз тафсирҳои нодуруст, мунташир мекунам.

Ба гузориши Спутник, Чуркин гуфт, Русия ва Амрико қарор аст, барои суботбахшидан ба авзоъ дар Сурия аз ҷумла бо иқдомоти хос наздики Ҳалаб, талошҳои муштарак дар пеш гиранд.

Вай изофа кард, аввлавияти мо ҷудосозии террористҳои таҳти контроли ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра аз нерӯҳои мухолифини миёнарав ва ҷудоии шӯришёни миёнарав аз шибҳи низомёни Аннусра аст.

Вай ҳамчунин бо хондани бахше аз тавофуқи ба имзо расида тавассути ду тараф дар моҳи июли соли ҷории мелодӣ афзуд, ҳадафи гурӯҳи иҷроии муштарак, эҷоди ҳамкориҳои васеъ байни Амрико ва Русия аст. Тарафҳо яъне Русия ва Амрико бо якдигар дар чорчуби як гурӯҳи иҷроии муштарак ва ба манзури шикаст Ҷабҳаи Аннусра ва ДИИШ ҳамкорӣ мекунанд.

Чуркин ҳамчунин гуфт: далели ин ки онҳо намехоҳанд ( ин матн) умумӣ шавад ба ҷомеаи байналмилалӣ ва афкори умумӣ дар Амрико ва Русия боз мегардад. Чаро ки (дар сурати фошсозӣ) ҳама мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки чӣ касе тавофуқро зери по мегузорад.