Хабарҳои кӯтоҳ аз иҷлоси СҲШ дар Бишкек
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44436-Хабарҳои_кӯтоҳ_аз_иҷлоси_СҲШ_дар_Бишкек
Мақомҳои баландпояи ҳозир дар иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкеки Қирғизистон рӯзи ҷумъаи пуркореро сипарӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 14, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Хабарҳои кӯтоҳ аз иҷлоси СҲШ дар Бишкек

Мақомҳои баландпояи ҳозир дар иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкеки Қирғизистон рӯзи ҷумъаи пуркореро сипарӣ карданд.

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар ҳошияи иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкеки Қирғизистон дидору гуфтугӯ карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин дар ин дидор бар густариши ҳамкориҳои Теҳрону Маскав ба манзури эҷоди амният дар минтақа ва мубориза бо терроризм таъкид карданд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз ин дидор бо Си Ҷин Пин, ҳамтои чинии худ низ дидору гуфтугӯ кард.

Умронхон, нахуствазири Покистон дар нуздаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек зимни ибрози нигаронӣ аз ташдиди авзоъ дар Ховари Миёна аз тамоми тарафҳо дар минтақа хост, ки аз худ хештандорӣ нишон диҳанд. Вай таъкид кард, ки иҷрои комили Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак аз сӯйи тамоми тарафҳо барои суботи минтақаӣ ва байналмилалӣ зарурӣ аст.

Раисҷумҳури Чин дар дидор бо нахуствазири Ҳинд гуфт, Пекин омодаи ҳамкорӣ бо Деҳлии Нав ба манзури тавсеаи равобити дуҷониба аст. Си Ҷи Пин дар ин дидор бо табрик ба Моди ба хотири интихоби дубораи вай ба унвони нахуствазири Ҳинд афзуд, Чину Ҳинд танҳо иқтисодҳои навзҳури ҷаҳон ҳастанд, ки ҳар кадом беш аз як миллиард нафар ҷамъият доранд ва ҳарду дар марҳалаи ҳассос аз тавсеаи сареъ қарор доранд.

Си Ҷи Пин дар дидор бо раисҷумҳури ҷадиди Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев интихоби ӯро табрик гуфт ва бар тамоили Пекин барои тавсеаи равобити байни ду кишвар таъкид кард. Раисҷумҳури Чин дар дидор бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон низ садумин солгарди истиқлоли Афғонистонро ба вай табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, сулҳу субот ҳарчи сареътар ба Афғонистон бозгардад.