Июн 16, 2019 21:29 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Англия барои ҷалби назари Трамп иддаоҳои вайро такрор кард

Вазири хориҷаи Англия дар ҳоле, ки аксари коршиносон ва ширкати ҷопонии молики нафткаш иддаои зиддиэронии Амрикоро рад кардаанд, рӯзи якшанбе барои ҷалби назари раисҷумҳури Амрико, иддаоҳои вай алайҳи Эронро дар иртибот бо ҳодисаи оташ гирифтани ду нафткаш дар дарёи араб такрор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз” аз Лондон, Ҷереми Ҳонт муддаӣ шуд, ки кишвараш тақрибан итминон дорад, ки Эрон дар ҳамалот ба нафткашҳо дар дарёи Уммон дахолат доштааст.

Вай афзуд, Лондон тасаввур намекунад, ки эҳтимоли иҷрои чунин коре тавассути тарафи дигаре вуҷуд дошта бошад. Раисҷумҳури Амрико баъд аз ин ҳодиса дар мусоҳиба бо барномаи “Фокс анд Френдз” бо ишора ба видеои мунташиршуда таъкид кард, ки инфиҷори нафткшҳо “воқеан кори Эрон” будааст.

Вазири хориҷаи Англия низ, ки алоқаманд ба ҷалби назари Трамп барои ҳимоят аз вай ҷиҳати ҷонишинии Тереза Мэй дар симати нахуствазирии Англия мебошад, ин иддаои раисҷумҳури Амрикоро такрор кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Трамп гуфтааст, ки аз Борис Ҷонсон, вазири хориҷаи собиқи Англия барои ҷонишинии Тереза Мэй дар симати нахуствазирӣ ҳимоят мекунад.

Иддаои вазири хориҷаи Англия дар ҳоле матраҳ шудааст, ки хабаргузории “Асошейтед Пресс” рӯзи ҷумъа ба нақл аз ширкати ҷопонии молики нафткаши осебдида дар ҳаводиси дарёи Уммон бо радди дахолати мина ва “Аждар” (иттиҳоми воридшуда аз сӯи Амрико), эҳтимоли партоби гулӯла ба сӯи ин шиноварро матраҳ кард.

Кококо Корҷс, яке аз ду киштие, ки дар дарёи Уммон оташ гирифт, хабар дод, ки малавонони ин нафткаш лаҳазоте пеш аз ҳамла, аҷсомеро дар ҳаво мушоҳида карданд, ки ин амр нишон медиҳад нафткаши мазкур бар асари бархурд ба мина осеб надидааст.

“Асошейтед Пресс” навишт, ки ин изҳорот бо филми артиши Амрико, ки нерӯҳои эрониро муттаҳам ба ҷудосозии минаи мунфаҷирнашуда аз яке аз ду киштӣ карда буд, дар таноқуз аст.

“Рейтерз” идома дод, пас аз ин ки Лондон Теҳронро дар ҳамалоти рӯзи панҷшанбе ба 2 киштии нафткаш дар дарёи Уммон муқассир донист, Эрон рӯзи шанбе сафири Англияро эҳзор кард.

 

Барчасп