Июн 24, 2019 10:16 Asia/Dushanbe
  • Помпео; вазъияти озодии мазҳабҳо дар Узбакистон нигаронкунанда нест

Вазири умури хориҷаи Амрико дар гузориши солона дар мавриди озодии мазҳабҳо гуфт; дар ҳоли ҳозир вазъияти озодии мазҳабҳо дар Узбакистон беҳбуд ёфта ва нигаронкунанда нест.

Ба гузориши хабаргузории Форс,Майк Помпео Вазири умури хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ дар мавриди озодии мазҳабҳо дар Узбакистон гуфт;пас аз гузашти 13 сол дар ҳоли ҳозир метавон гуфт;,ки нигаронии хосе аз озодии мазҳаб дар Узбакистон вуҷуд надорад.

Вай афзуд; мақомоти Узбакистон дар мавриди риояти озодии мазҳабҳо иқдомҳои хуберо анҷом додаанд аммо ин иқдомҳо кофӣ нест. Вазири хориҷаи Амрико идома дод; вазъияти озодии мазҳабҳо дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон беҳбуди чашмгире доштааст;. Соли гузашта,давлати Узбакистон нақшаи роҳи тавсиъаи озодиҳои мазҳабиро дар дастури кор гирифт  ва 1500 зиндонии мазҳабиро озод кард.

Помоео ибрози умедворӣ кард,ки дар солҳои оянда низ давлати Узбакистон ба кудакон иҷоза хоҳад дод то ҳамроҳи волидони худ дар масҷидҳо ҳозир ёфта ва ба ибодат бипардозанд.

Гузориши солонаи Амрико дар мавриди озодии мазҳабҳо ҳамвора ба дур аз адолат буда ва ин кишвар бо ҳар кишваре,ки ба далелҳои мухталиф мушкил дошта бошад аз ҳарбаи озодии мазҳабӣ, ҳуқуқи башар ва дигар масоил истифода мекунад.

Ин гузориш ба муҷиби  Қонуни озодии мазҳабии кишварҳо,ки дар соли 1998 ба тасвиб конгираи Амрико расида танзим ва ҳарсола тақдими ниҳоди қонунгузори Амрико мешавад.