Пажуҳиши Ню Йорк Таймс дар бораи гардишгарони хориҷӣ дар Данғара
Рукмини Калимачӣ хабарнигор ва пажуҳишгари нашрияи Ню Йорк Таймс,ки дар бораи Созмонҳои террористии ДИИШ ва Алқоъида таҳқиқ мекунад,дар бораи ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар Данғара пажуҳише анҷом дода ва баъд аз боздид аз маҳали ҳодиса ва суҳбат бо шоҳидон ва саркардаи ҳамлакунандагон, мушоҳидаҳои худро баён доштааст.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, Калимачӣ натиҷаҳои пажуҳиши худ ро аз ҷумла суҳбат бо Ҳусейн Абдусамадов саркардаи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар Данғара дар қолиби чанд видио нашр карда ва изҳор доштааст,ки чизҳое фаротар аз изҳороти расмӣ дар бораи ин ҳамла ёфтааст.
Ин пажуҳишгар ҳангоми мусоҳиба бо Абдусамадов дар ҳузури маъмурони зиндон,ба Ӯ акси Ҷей Остин ва Лаурен Гиогиген завҷи кушта шудаи амрикоӣ дар Данғара ро нишон дода гуфтааст,ин аксро бубин, метавони бигуи чаро онҳоро кушти ва чӣ арзише дошт,ки ба ин кор даст зади?
Аммо Абдусамадов ба ҷои посухгуи фақат сари худро такон медиҳад ва ба маъмурони зиндон нигоҳ мекунад.
Ба гузориши ин рӯзномаи амрикоӣ ба зуди ҷузиёти ин пажуҳиш мунташир мешавад.
Рукмин Калимачӣ дар Твиттери худ навиштааст,тоҷикон аз ҷумлаи меҳмоннавозтарин мардуми дунё ҳастанд, ҳангоми таҳияи ин гузориш,ҳар бор,ки бо тоҷикон дар бораи ҳодисаи Данғара суҳбат мекардам онҳо узрхоҳӣ мекарданд,ингор,ки онҳо масули ин фоҷиа буданд.
Дар ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара,ки рӯзи 22 июли 2018 рух дод, чор гардишгар аз кишварҳои Амрико,Ҳуланд ва Суис кушта шуданд.