Июн 25, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар лузуми тағйири рафтори Амрико дар баробари Эрон

Муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, Вашингтон барои расидан ба ҳадафи гуфтугӯ бо Теҳрон бояд дар рафтори худ таҷдиди назар кунад.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Рябков рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Амрико бояд сиёсати худро дар фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон тағйир диҳад ва дар он сурат мумкин аст, шонси гуфтугӯҳои созанда фароҳам шавад. Муовини вазири умури хориҷии Русия ҳамчунин аз таҳримҳои ҷадиди Амрико дар мавриди Эрон интиқод кард ва онро бесобиқа хонд. Рябков гуфт, ин таҳримҳо ҳама паёмҳои Вашингтонро мабнӣ бар омодагӣ барои музокирот беэътибор мекунад ва ба сифр мерасонад.

Муовини вазири умури хориҷии Русия пеш аз ин ҳам дар бораи докторинаи ҷадиди «ҳамлаи ҳастаии маҳдуд»-и Амрико, ки метавонад авоқиби хатарноке барои кулли ҷаҳон дошта бошад, ҳушдор дода ва муҳтавои онро мӯҷиби нигарониҳои бисёр дониста буд.

Докторинаи ҳастаии Амрико беш аз ҳама бар Русия ва зарурати тавозуни қудрат бо ин кишвар мутамаркиз аст.

 

Барчасп