Сафари ғайримунтазираи Помпео ба Афғонистон
Вазири умури хориҷаи Амрико, асри сешанбе дар сафаре аз пеш эъломнашуда вориди Кобул пойтахти Афғонистон шуд.
Ба гузориши ИРНО, Майк Помпео дар ҷараёни ин сафар бо Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Расонаҳои хабарӣ эълом карданд, Помпео ва Ашраф Ғанӣ дар ин дидор дар бораи музокироти сулҳи Амрико ва Толибон ва шароити амниятии Афғонистон пеш аз интихоботи раёсат ҷумҳурии ин кишвар баҳсу табодули назар кардаанд.
Расонаҳо замоне сафари Помпео ба Афғонистонро мунташир карданд, ки вай ин сафарро ба поён расонда ва ин кишварро тарк карда буд.
Помпео аз Аморот роҳии Афғонистон шуда буд.
Пеш аз ин расонаҳо эълом карда буданд вазири умури хориҷаи Амрико пас аз дидор бо Муҳаммад бин Салмон валиъаҳди саудӣ дар Риёз ва Муҳаммад бин Зоид валиъаҳди Аморот дар Абузабӣ ба Ҳинд меравад ва бо Нарендра Мудӣ нахуствазири ин кишвар дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Амрико дар ҳоли ҳозир ҳудуди понздаҳ ҳазор неру дар Афғонистон дорад.
Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла бурданд, аммо аз он замон то кунун ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон рушди чашмгире доштааст.
Мақомот ва мардуми Афғонистон борҳо аз идомаи ҳузури низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар он кишвар интиқод карда ва хуруҷи амрикоиҳоро аз Афғонистон хостор ҳастанд.