Тавҳини давлати Покистон ба мардуми Афғонистон ва ақвоми Паштун
Раҳбари Ҳизби қавмии ватани Покистон гуфт, нахуствазири ин кишвар бо фиристодани як мушовир барои истиқбол аз раиси ҷумҳури Афғонистон ба Ашраф Ғанӣ тавҳин кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Офтоб Аҳмадхон Шерпов афзуд, рафтори давлати Покистон бо Ашраф Ғанӣ дар воқеъ тавҳин ба мардуми Афғонистон ва ақвоми Паштуни ду кишвар ба шумор меравад.
Вай таъкид кард ин дар ҳолест, ки чанде қабл Имрон Хон нахуствазири Покистон бо суннатшиканӣ барои истиқбол аз Муҳаммад бин Салмон валиъаҳди Арабистон ба фурудгоҳи Исломобод рафт ва барои вай ронандагӣ кард.
Раиси ҷумҳури Афғонистон ҷумъаи гузашта ба даъвати расмии Имрон Хон нахуствазири Покистон ба Исломобод рафт.
Пас аз фуруди ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ дар фурудгоҳи байналмиллалии Исломобод ҳеҷ як аз мақомоти аршади давлати Покистон барои истиқболи ӯ ҳузур надоштанд.
Давлати Покистон Абдуразоқ Довуд мушовири давлат дар умури тиҷорат ва сармоягузориро барои истиқбол аз Ашраф Ғанӣ ба фурудгоҳ фиристод.