Вазири хориҷаи Испания: Тасмимоти ахири Эрон нақзи БарҶом нест
(last modified Wed, 03 Jul 2019 15:13:53 GMT )
Июл 03, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Испания: Тасмимоти ахири Эрон нақзи БарҶом нест

Вазири хориҷаи Испания ва гузинаи ҷонишини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, тасмимоти ахири Эрон нақзи тавофуқи ҳастаии БарҶом нест, балки як амри фаннӣ аст.

Жозеф Борл рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо як шабакаи радиоӣ дар Испания (Cadena SER) муддаӣ шуд, Аврупо ҳамаи талошашро барои ҳифзи тавофуқи ҳастаии БарҶом анҷом дода ва дар идома афзуд, Эрон то кунун ин тавофуқро нақз накардааст.

Борл дар айин ҳол таъкид кард, ки иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико на танҳо нақзи БарҶом, балки асосан хуруҷ аз он буд.

Вазири хориҷаи Испания перомуни БарҶом ва эҳтимоли бархурди низомӣ байни Эрон ва Амрико низ гуфт: “Муътақидем, ба чунин вазъияте нахоҳем расид, авзоъ бадтар нахоҳад шуд ва ниҳоятан ақлоният ҳоким хоҳад шуд”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбеи аввали июл бо таваҷҷуҳ ба бадаҳдии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳҳудоти барҷомии худ эълом кард, Эрон бар асоси банди 36 -и ин тавофуқ, мизони ураниюми ғанишудаи худро аз марзи 300 килограмм афзоиш дод, аммо ин иқдом ба маънии нақзи БарҶом нест.

Убур аз сақфи ураниюми мундариҷ дар БарҶом, дар остонаи зарбулаҷали 60 рӯзаи Эрон ба кишварҳои боқимонда дар ин тавофуқ барои амал ба тааҳҳудоти худ, ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ анҷом шудааст.