Июл 04, 2019 20:00 Asia/Dushanbe
  • Путин: Русия бархилофи Амрико дар умури дигар кишварҳо дахолат намекунад

Раисиҷумҳури Русия дар остонаи сафар ба Рум, дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёӣ, дар бораи дӯрнамои масъалаи контроли таслиҳот, иттиҳоми дахолати Маскав дар интихоботи соири кишварҳо, алоқамандии Русия ба аз саргирии комили равобит бо Иттиҳоди Аврупо ва шарти беҳбуди равобит бо Украина суҳбат кард.

Ба гузориши хабаргузории «Новости», Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар остонаи сафари имрӯзи худ ба Итолиё, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзномаи “Corriere Della Sera” эълом кард, Русия бар хилофи Амрико ва муттаҳидонаш дар умури дохилии кишварҳои дигар мудохила намекунад. Вай гуфт: «иттиҳомоти ворида ба Маскав дар бораи дахолат дар раванди интихоботи Иёлоти Муттаҳида комилан пуч ва беасос аст. Ҳама ба хубӣ медонанд, ки ин масъала ба куҷо анҷомид, ба ҳеҷ чиз, шикаст хӯрд. Фуқдони ҳар навъ тавтеа аз сӯи комиссияи таҳқиқотии додситони вижаи Амрика Роберт Мюллер таъйид шудааст. Онҳо натавонистанд ҳеҷ далиле барои исботи иттиҳомоти худ пайдо кунанд, барои ин ки чунин далиле вуҷуд надошт. Ман дар инҷо мехоҳам як нуктаро ба таври дақиқ эълом кунам, мо дар умури дохилии на кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва низ соири кишварҳо ҳаргиз дахолат накарда ва қасди дахолат надорем. Ин фарқи асосии мо бо Амрико ва бархе муттаҳидони ин кишвар аст, ки барои мисол ошкоро аз кудатои давлатӣ дар феврали соли 2014 дар Украина ҳимоят карданд».

Путин ёдовар шуд: «дӯрнамои ҳамкориҳои Русия ва Амрико дар арсаи коҳиши таслиҳоти роҳбурдии таҳоҷумӣ мубҳам аст. Дар авоили соли 2021 муддати эътибори Паймони "Старт -3" ба поён хоҳад расид, вале ҳанӯз ҳеҷ омодагӣ аз тарафи амрикоиҳо барои баррасии имкони тамдиди ин тавофуқнома ё кор ба рӯи тавофуқномаи ҷадид намебинем. Русия иродаи сиёсии худ барои дастёбӣ ба тавофуқ дар заминаи контроли таслиҳотро нишон дода ва акнун ин Амрико аст, ки бояд иқдом кунад.»