Июл 07, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Русия дар Вена: Далели иқдоми барҷомии Эронро дарк мекунем

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо баёни ин ки талошҳои дипломатӣ барои ҳифзу наҷоти тавофуқ ҳастаӣ бо Эрон, мавсум ба БарҶом ҳамчунон идома дорад, хостори хештандории тарафҳо барои ҳифзи ин тавофуқ шуд.

Михаил Улянов ба хабаргузории давлатии РИА Новостии Русия гуфт: “Мо аз Эрон мехоҳем аз иқдомоте, ки авзои перомуни БарҶомро печидатар кунад, ҷилавгирӣ кунад. Ҳарчанд, ки мо иқдомоти Эрон ва далоиле, ки ин кишвар даст ба тасмимоти ахир задаастро дарк мекунем”.

Вай афзуд: “Мо аз Эрон даъват мекунем аз иқдомоти баъдӣ, ки вазъияти перомуни муомилаи ҳастаи (БарҶом)-ро печидатар мекунад, худдорӣ кунад”.

Улянов бо баёни ин ки фурсат барои идомаи иқдомоти дипломатӣ вуҷуд дорад, изҳор дошт, дар ҳар сурат талошҳои дипломатӣ дар бораи муомилаи ҳастаӣ бо Эрон идома хоҳад ёфт.

Вай хотирнишон кард, гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар хусуси сатҳи ғанисозии ураниюм дар Эрон мумкин аст дар нишасти вижаи Шӯрои ҳукком дар рӯзи даҳуми июл (рӯзи чаҳоршанбе) ироа шавад.

Ба гуфтаи мақоми рус, чунин ба назар мерасад, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ андозаҳоро хоҳад санҷид ва ба Шӯрои ҳукком гузориш хоҳад дод.

Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон аз иҷрои гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон хабар дод ва эълом кард, имрӯз расман аз марзи 3.67 дарсади ураниюми ғанишуда убур мекунем.

 

Барчасп