Тавақуфи фаъолияти фурӯдгоҳи байналмиллалии Митиқаи Троблиси Либӣ
(last modified Mon, 08 Jul 2019 05:00:09 GMT )
Июл 08, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Тавақуфи фаъолияти фурӯдгоҳи байналмиллалии  Митиқаи Троблиси Либӣ

Фаъолияти фурӯдгоҳи байналмиллалии Митиқа Mitiga дар Троблис пойтахти Либӣ бори дигар ба далели ҳамлаҳои хумпораӣ мутавақиф шудааст.

Ба гузориши як шабака телевезиюни Евронюз , фурӯдгоҳи байналмиллалии  Митиқа дар саҳифаи расмияш дар Фесбук эълом кард,тамоми парвозҳои ин фурӯдгоҳ мувақатан лағв ва ба фурӯдгоҳи Мисрота дар шарқи Троблис мунтақил шудааст.

Парвозҳои Митиқаи Троблис панҷшанбеи гузашта низ дар паи бомбаборони ҳавоии ин фурӯдгоҳ тавассути ҷангандаҳои нерӯҳои мавсум ба артиши миллии Либӣ ба фармондиҳии Халифа Ҳафтар лағв шуда буд.

Халифа Ҳафтар,фармондеҳи артиши миллии Либӣ аз чоруми моҳи апрели гузашта бо ҳадафи тасаруфи Троблис, пойтахт ҳамла ба ин шаҳрро оғоз кард.

Ба рағми ҳимояти Иморот,Арабистони Саудӣ ва Миср аз Халифа Ҳафтар , нерӯҳои таҳти фармондиҳии вай ҳануз мувафақ нашудаанд ба дохил шаҳр нуфуз кунанд ва бо муқовимати нерӯҳои давлати Вифоқи миллӣ мувоҷаҳ шудаанд.

Либӣ аз замони инқилоби 2011 мардуми ин кишвар,ки ба сарнагунии ҳукумати Муъмар Қазофӣ диктатури маъдуми Либӣ сабаб шуд,бо мудохилаи Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва минтақа даргири хушунат ва бесуботии сиёсӣ шудааст.

Аз чорсоли пеш Либӣ бар асари ихтилофҳо миёни Ҳизбҳо ва Гурӯҳҳо, дорои ду парлумон;( парлумони  Тубрук дар шарқи ва парлумони Троблис,пойтахти Либӣ ) ва ду артиш аст.

Парлумони Тубрук мавриди ҳимояти артиши миллии Либӣ ба фармондиҳии Халифа Ҳафтар буда ва давлати Вифоқи миллии Фоиз Сироҷ,ки мавриди ҳимояти ҷомиъаи байналмиллалӣ аст, дар шаҳри Троблис мустақар аст.