Июл 08, 2019 10:39 Asia/Dushanbe
  • Дипламати Русия; Амрико тавре рафтор мекунад гуё ҳомии сарсахти Барҷом будааст

Михаил Улянов намояндаи Русия дар Созмонҳои байналмиллалӣ аз рафторҳои Амрико дар баробари Барҷом интиқод кард ва аз ин кишвар хост бо рафъи таҳримҳо заминаи иҷроии комили ин тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ро фароҳам кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, давлати Трамп баъд аз тавсифи Барҷом бо алфозе назири Тавофуқи ваҳшатнок, Бадтарин тавофуқи таърих, ва... дар апрели гузашта аз ин тавофуқ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Эрон ро боз гардонд.

Мақомҳои давлати Трамп алорағми ин, баъд аз тасмими Эрон барои костан аз таъаҳудоти худ дар Барҷом дар вокуниш ба бадаҳдиҳои Амрико ва дигар тарафҳои ғарбӣ,рафтори мутафовите дар пеш гирифтаанд ва аз Эрон хостаанд ба таъаҳудоти худ дар тавофуқ амал кунанд.

Улянов ба ин рафтори мақомҳои давлати Амрико ишора кард ва дар Твиттер навишт; Амрико дар ин як сол бештарин талошро барои тахриби тавофуқи ҳастаӣ анҷом додааст. Аз ҳафтаи гузашта давлати Амрико тавре рафтор мекунад,ки гуё ҳомии сарсахти тавофуқ буда ва аз Эрон мутолиба мекунад,ки шадидан ба он пойбанд бошад.

 Вай дар идома навишт; хуруҷ аз ин таноқуз роҳ дорад; вайрон кардани тавофуқ аз тариқи таҳримҳо ро мутавақиф кунед, ин тавофуқ ба таври комил иҷроӣ хоҳад шуд.

Фурсати 60 рӯзаи Эрон ба тарафҳои Барҷом барои амал ба таъаҳудоти Барҷомӣ аз 7 июли ба итмом расид,ки ҳамзамон тасмимоти нави Теҳрон дар ҷиҳати коҳиши таъаҳудоти Барҷомӣ амалиётӣ мешавад.

Бар асоси модаи 26 ва 36 Барҷом,Эрон метавонад бо ин истидлол,ки тарафи  диигар бо пойбанд набудан ба таъаҳудоташ, заминаи баҳрамандӣ аз мазоёи ин тавофуқро махдуш кардааст,иҷроии бахше аз таъаҳудоти худ ро мутавақиф кунад ва ё сатҳи онро коҳиш диҳад.