Июл 08, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Пекин: Қулдурии Амрико омили таниш дар мавзӯи ҳастаии Эрон аст

Вазорати хориҷаи Чин қулдуриҳои якҷонибаи Амрикоро решаи тасмимоти Эрон дар заминаи коҳиши тааҳҳудоташ дар чорчӯби БарҶом хонд ва таъкид кард, қулдуриҳои Вашингтон табдил ба як тумори бадхим шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Генг Шуанг, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар нишасти хабарӣ гуфт, фишори ҳаддиаксарии Амрико алайҳи Эрон решаи буҳрони тозаи ҳастаӣ аст.

Шуанг бо ибрози таассуф аз убури Эрон аз сатҳи ғанисозии таъйиншуда дар БарҶом таъкид кардааст, ки масъалаи ҳастаии Эрон бояд аз тариқи дипломатӣ ҳаллу фасл шавад.

Чин, ки аз харидорони аслии нафти хоми Эрон аст, пеш аз ин низ таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро якҷониба ва ғайриқонунӣ хонда ва гуфта буд, худро мулзам ба риояти ин таҳримҳо намедонад.

Рӯзи якшанбе Ҷумҳурии Исломии Эрон дар поёни мӯҳлати 60 рӯза ба тарафҳои БарҶом барои ҷуброни осори хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ, гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти худ ба тавофуқи ҳастаиро эълом кард.

Бар ин асос, Эрон дигар худро ба сақфи 3.67 дарсадии ғанисозии ураниюм мутааҳҳид намедонад ва сатҳи ғанисозиро бар асоси ниёзи худ таъйин мекунад.

Ду моҳи пеш дар солгарди хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ, Эрон эълом карда буд, ки дигар ба сақфи мизони захоири ураниюми ғанишуда ва оби сангин мутааҳҳид нест.

Эрон дар он замон, ду моҳ ба кишварҳои боқимонда дар тавофуқи ҳастаӣ фурсат дод то тибқи БарҶом ба ваъдаҳои иқтисодии худ амал кунанд.

 

Барчасп