Вокуниши Британия ба интиқоди Трамп аз сафираш дар Вашингтон
(last modified Tue, 09 Jul 2019 08:24:31 GMT )
Июл 09, 2019 13:24 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Британия ба интиқоди Трамп аз сафираш дар Вашингтон

Дар пайи ҷанҷоли ба вуҷуд омада дар бораи мукотиботи сафири Британия дар Амрико ва твитти Доналд Трамп Британия ҳимояти комили худ аз сафираш дар Вашингтонро эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Дафтари нахуствазири Британия бомдоди сешанбе дар баёнияе эълом кард Ким Дарок сафири Британия дар Амрико ҳамчунон аз ҳимояти комили нахуствазир баҳраманд хоҳад буд ва ин мавзӯъро барои Амрико мушаххас кардаем, ки то чи андоза аз дарзи мукотибаи Дарок мутаассиф ҳастем.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико душанбешаб дар твитте дар бораи интиқодоти тунди Ким Дарок дар мукотиботаш бо давлати Британия алайҳи Трамп навишт, сафири Британия дар Вашингтонро намешиносам, вале дар Амрико чандон маҳбуб нест ва назари муносибе нисбат ба ӯ вуҷуд надорад. Дигар бо ӯ таомул намекунем.

Ким Дарок дар гузорише маҳрамона ба давлати Британия Трампро фарде беурза, бекифоят, фоқиди маҳоратҳои депломатик ва сифатҳои дигаре аз ҳамин қабил тавсиф кард, ки раёсат ҷумҳурии вай мумкин аст ба расвоӣ хатм шавад.

Сафири Британия дар Амрико ҳамчунин муноқишаи дохилӣ дар Кохи Сафедро ба масобаи "чоқукашӣ" тавсиф кардааст.

Гузориши Дарок дар давраи замонии 2017 то имрӯз буда ва дар баргирандаи сиёсати хориҷии Трамп то тарҳи вай барои ширкати дубора дар интихоботи 2020 Амрико мешавад.