Июл 09, 2019 17:11 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Русия ба тиҷорат бо Эрон идома медиҳад

Намояндаи Русия дар Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ин кишвар ба тиҷорат бо Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико идома медиҳад.

Владимир Чижов, намояндаи Русия дар Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе ба хабаргузории давлатии "Русия имрӯз" гуфт, ҳаҷми мубодилоти бозаргонии Эрон ва Русия дар соли 2018 ба беш аз 5,1 миллиард доллар расид ва ҳамчунон рушди он идома дорад. Намояндаи Русия дар Иттиҳоди Аврупо афзуд, аммо ИНСТЕКС ё абзори ҳимоят аз мубодилоти тиҷории Эрону Аврупо, роҳкоре, ки дар ибтидои соли ҷории милодӣ аз сӯйи Аврупо эҷод шуд, то ба равиши расмӣ бо Эрон мубодилоти иқтисодӣ дошта бошад, ҳамчунон бо гузашти чандин моҳ иҷроӣ нашудааст. Чижов дар идома мутазаккир шуд, ки камкории Аврупо дар моҳҳои гузашта ва иҷроӣ нашудани ИНСТЕКС борҳо мавриди интиқоди мақомоти расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин ва Русия қарор гирифтааст.

Мақомот, дипломатҳо, сенаторҳо ва намояндагони парлумони Русия аз ду рӯзи гузашта бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти ҷадиди Теҳрон дар хусуси коҳиши тааҳҳудоти довталабонаи худ дар мавзӯи ҳастаии БарҶОМ зимни ҳимоят аз Эрон ва тавофуқи барҷомӣ дар айни ҳол хостори хештандории Теҳрон низ шудаанд.

 

Барчасп