Интиқоди Ҳиллари Клинтон аз сиёсатҳои Доналд Трамп зидди Эрон
(last modified Wed, 10 Jul 2019 04:09:21 GMT )
Июл 10, 2019 09:09 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Ҳиллари Клинтон аз сиёсатҳои Доналд Трамп зидди Эрон

Ҳиллари Клинтон вазири умури хориҷаи пешин ва рақиби демократи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар интихоботи раёсат ҷумҳурии соли 2016, бори дигар аз хуруҷи кишвараш аз БАРҶОМ ва сиёсати кунунии давлати Трамп алайҳи Эрон интиқод кард.

Ба гузориши ИРНО, Ҳиллари Клинтон хуруҷи давлати Доналд Трамп аз БАРҶОМро иштибоҳ донист ва таъкид кард депломасӣ танҳо роҳи давлати Трамп барои хуруҷ аз чоҳе аст, ки худ онро эҷод кардааст.

Вазири умури хориҷаи пешини Амрико ба буҳрони худсохтаи давлати Доналд Трамп бо хуруҷ аз БАРҶОМ ишора ва таъкид кардааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон 8 майи 2019 дар солгарди хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ эъломи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ эълом кард, бахше аз тааҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ ба таълиқ дар меоварад.

Мақомоти Эрон 60 рӯз ба тарафҳои боқимонда дар БАРҶОМ фурсат доданд, то тааҳудоти худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтиро иҷро кунанд дар ғайри ин сурат Теҳрон гомҳои наве дар ҷиҳати коҳиши тааҳудоташ ба БАРҶОМ бархоҳад дошт.

Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе пас аз поёни муҳлати 60 рӯзаи худ ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳудоти барҷомӣ, фароянди убур аз ғанисозии болои 3/67 дарсадро оғоз кард.