Июл 10, 2019 20:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ашраф Ғанӣ бар музокираи мустақим бо Толибон бидуни пешшарт

Раисҷумҳури Афғонистон бар лузуми музокираи мустақими давлати ин кишвар бо гурӯҳи Толибон бидуни пешшарт таъкид кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи чаҳоршанбе дар маросиме дар Кобул гуфт, барои ин ки музокироти мустақим байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон оғоз шавад, ҳама пешшартҳое, ки қаблан таъйин шуда буд, акнун бардошта шуд.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон афзуд, акнун як фурсати бесобиқа барои сулҳ бо гурӯҳи Толибон дар ин кишвар ба вуҷуд омада, ки дар ҳаждаҳ соли ахир собиқа надоштааст ва агар ин фурсат аз байн биравад, авоқиби он ҷуброннопазир хоҳад буд.

Ашраф Ғанӣ аз талафоти сангини низомиёни афғон дар ҷанг бо гурӯҳи Толибон ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, талафоти низомиёни афғон ба маънои ин аст, ки ҷанг дар Афғонистон пурҳазина аст, бинобарин давлат бо гурӯҳи Толибон бояд ба тафоҳум бирасад.

Ин изҳороти Ашраф Ғанӣ дар ҳолест, ки бо гузашти ҳафт давр аз музокироти Амрико бо гурӯҳи Толибон дар Қатар, ҳанӯз ин гурӯҳ ҳозир нашудааст ба таври мустақим бо давлати Афғонистон вориди музокира шавад.

Гурӯҳи Толибон пештар музокираи мустақим бо давлати Афғонистонро ба таъйини ҷадвали замонӣ барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон машрут карда буд.

 

Барчасп