Июл 12, 2019 17:16 Asia/Dushanbe
  • Зулмо Халилзод даст ба домони Чин шуд

Фиристодаи Амрико дар умури Афғонистон пас аз шикасти музокироти сулҳ бо Толибон дар Қатар вориди Пекин шуд.

Ба нақл аз ИРНА, Зулмо  Халилзод қарор аст дар ин сафар дар хусуси бенатиҷа будани музокироти  ба истилоҳ сулҳ Амрико ва Толибон дар Қатар бо мақомоти Чин дидор ва гуфтугӯ кунанд.

Ҳамзамон ҳайате аз Толибон ба Чин сафар карда ва Ҳомид Карзай раиси  Ҷумҳурии собиқи Афғонистон низ ба Пекин омадааст.

Сафари ин дипламати афғонтабори амрикоӣ ба Чин дар ҳолест,ки ҳафтумин даври музокироти намояндагони Амрико ва Толибон дар хусуси раванди ба истилоҳ сулҳи Афғонистон дар қатар бо шикаст рӯ ба рӯ  шуда ва ҳеҷ натиҷае надоштааст.

Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон,борҳо ба кишварҳои мухталиф аз ҷумла Покистон ва Русия сафар карда то ба мақомоти ин кишварҳо фишор ворид кунад то Толибон ро ба тавақуфи ҷанг дар Афғонистон водор кунанд.

Толибон хуруҷи Амрико аз афғонистон ро танҳо шарти поёни ҷанг ва муфид будани гуфтугӯҳои Вашингтон бо ин гурӯҳ донистааст.

Барчасп