Интиқоди Албародаъӣ аз сиёсатҳои Трамп алайҳи Эрон
Мудири кули пешини ожонси байналмиллалии энержии атомӣ, аз иқдоми давлати Доналд Трамп дар хуруҷ аз Барҷом ва ҳамчунин сиёсатҳояш зидди ҷумҳурии исломии Эрон интиқод кард.
Муҳаммад Албародаъӣ, мудири кулли пешини ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо радиои Би Би Си бо интиқоди шадид аз иқдоми давлати Амрико дар хуруҷ аз Барҷом гуфт; Вашингтон дар ҳоли эъмоли равиши ғарқи маснуъӣ алайҳи Эрон аст.
Албародаъӣ афзуд, амрикоиҳо дар ҳоли ғарқ кардани Эрон буда ва сипас ба онҳо нигоҳ мекунанд ва мепурсанд биёйед бепешшарт бо якдигар музокира кунем.
Мудири кулли пешини ожонс бо радди ин мавзуъ,ки Эрон дар ҳоли наздик шудан ба марҳалаи табдил шудан ба як таҳдиди ҳастаӣ аст тасриҳ кард, иқдоми Эрон дар ғанисозии уранн дар сатҳи 4.5 дар сад ва фаротар аз мизони 3. 67 дар сад дар тавофуқи ҳастаӣ, ҳануз то ғанисозии 90 дар сад мавриди ниёз барои сохти бомб фосилаи тулонӣ дорад.
Убури Эрон аз сақфҳои муҷози уранн 4.67 дар сад наздик ба ду моҳ баъд аз замони таъийн шуда анҷом мешавад,ки Шӯрои олии амнияти миллии ҷумҳурии исломии Эрон ба кишварҳои боқимонда дар тавофуқи ҳастаӣ барои амал ба таъаҳудоти худ ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ содир кард.