Июл 16, 2019 08:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 90 узви Толибон дар вилояти Балхи Афғонистон

Артиши Афғонистон аз кушта шудани 90 тан аз аносури гуруҳи Толибон дар вилояти Балх шимоли ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Алъолам, артиши Афғонистон рӯзи душанбе бо интишори баёнияе эълом кард ин 90  узви Толибон дар амалиёти ахири неруҳои ин ниҳод мавсум ба Шоҳин-207 дар минтақаҳои мухталифи вилояти Балх ба ҳалокат расидаанд.

Артиши Афғонистон пеш аз як ҳафта аст, ки амалиёти Шоҳин-207-ро барои муқобила бо гуруҳи Толибон дар минтақаҳои мухталифи вилояти Балх оғоз кардааст.

Минтақаҳои мухталифи Афғонистон аз ҷумла вилояти Балх дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ноамнӣ ва ҳамалоти Толибон будааст. Афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон муҷиби эътирози мардуми ин кишвар шудааст.

Афзоиши ноамнӣ ва фаолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки Амрико ва муттаҳидонаш аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон дар ин кишвар ҳузур доранд.

Бар асоси эъломи мақомоти Кобул ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон танҳо муҷиби афзоиши ноамнӣ,  терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар шудааст.

Барчасп