Интиқоди созмонҳои мардумниҳоди Малайзия аз ҳукумати Саудӣ
(last modified Wed, 17 Jul 2019 13:03:21 GMT )
Июл 17, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди созмонҳои мардумниҳоди Малайзия аз ҳукумати Саудӣ

Созмонҳои мардумниҳоди Малайзия дар баёнияе сиёсатҳо ва иқдомоти подшоҳи саудӣ дар ҳамкорӣ бо режими саҳюнистӣ ва Амрико ва нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистонро маҳкум карданд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, Созмони исломии Шӯрои машваратии Малайзия, ки муташаккил аз чандин гурӯҳи мардумниҳоди мусалмони малайзияӣ аст, бо судури баёнияе эълом карданд, ки бо сиёсатҳои ташаннуҷзои Арабистони Саудӣ, ки бар суботи минтақа таъсири манфӣ гузоштааст, мухолиф ҳастанд.

Аъзои ин созмон ҳамчунин ҳамла ба Яман, одисозии барқарории равобит бо Исроил, интиқоли нодурусти омӯзаҳои Ислом ва хариди миллиардҳо доллар таслиҳот аз Амрикоро аз ҷумлаи иқдомоти ғайриқобили қабули Арабистон эълом карданд.

Созмони исломии Шӯрои машваратии Малайзия дар ин баёния аз давлати Арабистон хост то ба сиёсатҳо ва иқдомоти зиддиисломии худ, аз ҷумла ҳамла ба мардуми мазлуми Яман хотима диҳад.