Июл 17, 2019 20:23 Asia/Dushanbe
  • Дархости Чин аз Амрико барои ислоҳи рафтори иштибоҳи мақомоти Вашингтон

Сухангӯи Вазорати бозаргонии Чин аз Амрико хост, рафтори иштибоҳи худро дар заминаи маҳдудиятҳои тиҷории эъмолшуда зидди Чин, ба вижа дар бахши фанноварӣ ва роёна ислоҳ кунад.

Ба гузориши ИРНА, Гао Фенг рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Пекин афзуд, гурӯҳи коршиносони Шӯрои доварӣ ва истинофи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ иқдомоти Амрико алайҳи Чин дар арсаи роёнаро хилофи муқаррароти ин созмон ташхис дода ва аз Амрико хостааст, иқдомоти хилофи муқарраротро ислоҳ кунад, аммо Вашингтон ҳанӯз ҳам иқдомоти хилоф муқаррарот анҷом медиҳад.

Сухангӯи Вазорати бозаргонии Чин ҳамчунин афзуд, ҳукми ниҳоди истиноф бори дигар собит кард, ки Амрико хилофи муқаррароти Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ борҳо бо сӯиистифода аз иқдомоти ҳимоят‎гароёнаи тиҷорӣ, адолат ва баробарии фазои тиҷории байналмилалиро тахриб кардааст.

 Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ рӯзи душанбеи ин ҳафта гузоришеро дар бораи парвандаи баррасии иқдомоти зиддироёнаҳ‎ои Амрико алайҳи Чин мунташир кард.

Бар асоси ин гузориш,11 иқдоми Амрико зидди Чин дар арсаи роёнаӣ бар хилофи муқаррароти Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ташхис дода шуд.