Афзоиши қурбониёни сел дар Ҳинд
(last modified Sun, 21 Jul 2019 08:09:24 GMT )
Июл 21, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни сел дар Ҳинд

Шумори қурбониёни сел ва рониши замин дар шимоли шарқии Ҳинд ба 200 нафр афзоиш ёфт.

Ба нақл аз ИРНО, Созмони муқобила бо балоёи табиии Ҳинд эълом кард боронҳои селосо дар ду ҳафтаи гузашта дар иёлатҳои Ассам ва Бихар боиси бехонумонии 11 миллион нафар шуда ва хасорати зиёде низ ба зерсохтҳо, шабакаи барқ, обрасонӣ, ҷоддаҳо ва мазрааҳои кишоварзӣ ворид кардааст.

Соли гузашта сел ва рониши замин дар Ҳинд ҷони ҳазору 200 нафарро гирифт.

Боронҳои мавсумӣ, ки аз июн то сентябр ба таври муназзам дар ҷануби Осиё идома дорад ҳамасола талафот ва хасорати зиёде дар ин минтақа ба бор меоварад.