Июл 22, 2019 12:08 Asia/Dushanbe
  • Русия дар мавзуи тавқифи нафткашҳо ҳақро ба Эрон дод

Муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт; ривояти Теҳрон дар бораи тавқифи нафткаши британиёӣ мутақоидкунандатар аз Лондон аст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс Сергей Рябаков муовини вазири умури хориҷаи Русия эълом кард; ривоёти Эрон дар бораи масоили марбут ба тавқифи нафткаши британиёии stena impero мутақоидкунандатар аз чизе аст,ки мақомоти Лондон дар бораи тавқифи нафткаши эронии Грис 1 дар тангаи Ториқ мегуянд.

Рябаков афзуд; мабоҳисе,ки эрониҳо дар тавзеҳи иқдомоташон баён мекунанд мантиқитар ва мутақоъид кунандатар аз  ирҷооти мубҳаме аст,ки мақомоти Ҷабал Алториқ бо ҳимояти давлати Британия дар бораи тавқифи нафткаши Эронӣ дар заминаи нақзи қавонини таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо эълом кардаанд.

Давлати Британия,4 июл бо ҳамкории давлати маҳалии Ҷабал Алториқ бо тавҷияи нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия, як нафткаши эрониро дар тангаи Ҷабал Алториқ ва бо истифода аз нерӯи низомӣ тавқиф кард.

Ин дар ҳоле аст,ки Эрон таъкид кардааст мақсади ин нафткаши ғулпайкар Сурия набуда ва усулан чунин нафткаше наметавонад дар соҳилҳои Сурия дар Мадитарона паҳлӯ бигирад.

Нерӯи дарёии сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа 19 июл ба дархости Созмони бандарҳо ва киштиронии Эрон як нафткаши британиёиро дар наздикии тангаи Ҳурмуз тавқиф кард.

Эрон иллати тавқифи ин нафткашро хомуш кардани тамоми сомонаҳои маконёб бархурд бо як ланҷи тиҷорӣ, посух надодан ба ҳушдорҳо ва дастуроти мақомоти киштиронии Эрон ва дар ниҳоят убур аз масири мухолиф барои вурӯд ба тангаи Ҳурмуз унвон кард.

Барчасп