Июл 23, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Хадамаи нафткаши британияии тавқифшуда дар Эрон дар саломат ҳастанд

Вазорати умури хориҷаи Ҳинд эълом кард, хадамаи нафткаши британияии тавқифшуда дар Эрон дар саломат ҳастанд .

Ба нақл аз Рейтерз, C Ҷайшанкар вазири умури хориҷаи Ҳинд рӯзи душанбе бо ишора ба инки ройзании сафорати он кишвар дар Эрон барои вазъияти хадамаи ҳиндии нафткаши тавқифшудаи британияӣ дар савоҳили Эрон идома дорад гуфт, итминон ҳосил шуда, ки ҳамаи хадамаи нафткаш аз ҷумла 18 хадамаи ҳиндӣ дар саломат ҳастанд ва талош барои озодии онҳо идома дорад.

Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҷумъашаб бино бар дархости  Созмони бандарҳо ва умури киштиронии вилояти Ҳурмузгон, киштии британияӣ ба номи Стена имперо-ро ба далели ҳодисаофаринӣ, хомуш кардани системи мавқеиятёб ва дафъи пасмонди нафтӣ тавқиф кард.

Иқдомоти ғайриқонунии Британия дар ҳолест, ки ин кишвар чанде пеш як нафткаш ҳомили маҳмулаи нафти Эронро дар оброҳи байналмиллалии Ҷабалу Ториқ ба унвони иқдоме муғоир бо усули ҳуқуқии нозир бар равобити байналмиллал ва дар ростои ҷалби ризояти Кохи Сафед тавқиф кард ва хадамаи ин нафткашро ҳамчунон дар гаравгон дорад.

Барчасп