Афғонистон хоҳони тавзеҳи Вашингтон дар бораи иддаоҳои Трамп шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45362-Афғонистон_хоҳони_тавзеҳи_Вашингтон_дар_бораи_иддаоҳои_Трамп_шуд
Дар пайи изҳороти аҷиби Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар дидор бо нахуствазири Покистон мабнӣ бар имкони поён додан ба ҷанги Афғонистон дар муддати як ҳафта бо куштани 10 миллион нафар раёсатҷумҳурии Афғонистон хоҳони тавзеҳи Вашингтон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 23, 2019 16:58 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон хоҳони тавзеҳи Вашингтон дар бораи иддаоҳои Трамп шуд

Дар пайи изҳороти аҷиби Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар дидор бо нахуствазири Покистон мабнӣ бар имкони поён додан ба ҷанги Афғонистон дар муддати як ҳафта бо куштани 10 миллион нафар раёсатҷумҳурии Афғонистон хоҳони тавзеҳи Вашингтон шуд.

Ба гузориши ИРНА, раёсатҷумҳурии Афғонистон имрӯз дар баёнияе эълом кард, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба равобити ҳамаҷонибаи ду давлат хоҳони тавзеҳоти Вашингтон дар мавриди изҳороти раисҷумҳури Амрико шудааст. Дар баёнияи раёсатҷумҳурии Афғонистон омадааст: “Мушорикат ва ҳамкории мо бо ҷаҳон ва бахусус Амрико бар мабнои манофеъ ва эҳтироми мутақобил аст ва мо аз ҳамкории Амрико барои сулҳ ҳимоят мекунем, аммо сарнавишти кишвари мо дар ҷаласоти сарони давлатҳои хориҷӣ бидуни ҳузури раҳбарони афғонҳо таъйин намешавад”. Раёсатҷумҳурии Афғонистон бо таъкид бар ин ки Афғонистон бо салобат ва убуҳҳат дар саҳнаи сиёсати дунё боқӣ хоҳад монд, афзуд, Афғонистон яке аз куҳантарин миллат–давлатҳои дунёст, ки дар тӯли таърих аз буҳронҳои мутааддид убур кардааст ва миллати Афғонистон ба ҳеҷ қудрати хориҷӣ иҷозаи таъйини сарнавишти хешро надода ва нахоҳад дод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби душанбе дар дидор бо Умрон Хон, нахуствазири Покистон гуфт, Амрико метавонад дар як ҳафта пирӯзи ҷанги Афғонистон бошад, аммо аз он ки ин пирӯзӣ ҳазинаи ҷонии бисёре дорад, дар натиҷа мо тарҷеҳ медиҳем, ки барои хурӯҷ аз Афғонистон бо шарикони минтақаӣ ҳамкорӣ кунем. Трамп муддаӣ шуд: “Агар мо бихоҳем, метавонем барандаи ҷанги Афғонистон бошем ва тамоми Афғонистонро аз рӯй нақшаи кӯрраи хокӣ маҳв кунем, аммо ман намехоҳам, ки 10 миллион нафар кушта шаванд”.

Ин изҳороти Трамп дар ҳолест, ки нерӯҳои низомии Амрико ва муттаҳидони ғарбии он пас аз 18 соли ҳузур дар Афғонистон дар ботлоқи ҷанг гирифтор шуда ва давлати Амрико дар ҳоли заминасозӣ барои хурӯҷи обрӯмандона аз ин кишвар аст.