Июл 24, 2019 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори нахуствазири Покистон дар бораи паёмадҳои ногувори таҳрики Эрон

Нахуствазири Покисторн ҳушдор дод: Ҳар гуна иқдом барои таҳрики Ҷумҳурии исломии Эрон паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт.

Ба нақл аз ИРНА, Умрон Хон, рӯзи сешанбе дар муассисаи Сулҳи Амрико дар Вашингтон равобити кишвараш бо Ҷумҳурии исломии Эронро дӯстона ва маъқул тавсиф кард ва ҳушдор дод: Ҳар гуна иқдом барои таҳрики Ҷумҳурии исломи Эрон паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт.

Нахуствазири Покистон афзуд: Бисёре аз кишварҳо аз умқи фоҷеаи рӯёрӯии эҳтимолӣ дар минтақа бехабаранд. Барои ҳамин ҳам набояд Ҷумҳурии исломии Эронро дар вазъияте қарор дод, ки натиҷаи он бурузи даргирӣ дар минтақа шавад.

Умрон Хон ҳамчунин изҳор дошт: Ҳар гуна даргирӣ бо Эрон табаоти сангине барои минтақа хоҳад дошт, зеро ин кишвар ҳомиёни зиёде дар кишварҳои ҳамсояи худ дорад.

 

Барчасп