Июл 24, 2019 20:26 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси Ҳизби ҷамоати исломии Покистон аз Умрон Хон

Раиси Ҳизби ҷамоати исломии Покистон аз Умрон Хон интиқод кард.

Сироҷулҳақ гуфт, Покистон набояд аз давлати Амрико барои ҳалли буҳрони Кашмир кумак бихоҳад, зеро Вашингтон аз тариқи тавтеа саъй дорад то байни кишварҳо таниш эҷод кунад.

Вай бо ишора ба дидори Умрон Хон бо Доналд Трамп дар Вашингтон афзуд, равобити дӯстонаи Покистон бо Амрико муваққатӣ аст ва Вашингтон ба дунболи таҳаққуқи аҳдофи нокоми худ дар минтақа, ба вижа дар Афғонистон аст ва ба Покистон ниёз дорад.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар дидор бо Умрон Хон, нахуствазири Покистон дар Вашингтон гуфт, омода аст байни Ҳинд ва Покистон дар бораи Кашмир миёнҷигарӣ кунад.

Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад, аммо ҳар ду кишвар иддаои моликият бар тамоми Кашмирро доранд.

 

Барчасп