Июл 25, 2019 18:48 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Амрико ба таҳрими Русия бар сари Венесуэла

Фиристодаи вижаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар умури Венесуэла, аз эҳтимоли таҳрими Русия ба иллати ҳимоят аз давлати Мадуро хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Эллиот Абрамс рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Мо ҳамчунон рӯйи он кор мекунем, ки чӣ навъ таҳримҳое алайҳи Русия вазъ кунем, таҳримҳои фардӣ ё ниҳодӣ, зеро Маскав ба фурӯши нафти Венесуэла кумак мекунад ва мо онро ба диққат зери назар дорем.

Ин мақоми амрикоӣ ҳамчунин аз афзоиши фишор бар Куба ба сабаби иқдомоташ дар Венесуэла хабар дод.

Абрамс таҳдид кард, фишорҳо бар Венесуэла идома меёбад ва мо имрӯз (панҷшанбе) таҳримҳои ҷадиде хоҳем дошт, зеро ин роҳбурд таъсири қобили таваҷҷуҳе дорад, ҳарчанд то кунун Мадуроро ба тарки қудрат вонадоштааст.

Эллиот Абрамс ки дар Андешакдаи бунёди дифо аз демокрасиҳо дар Вашингтон сухан мегуфт, ба ҷузъиёти таҳримҳое, ки қарор аст, имрӯз эълом шавад, ишорае накард.

Вашингтон борҳо аз Маскав хостааст даст аз ҳимояти Мадуро бардорад.

Амрико ва муттаҳидонаш бо эъмоли таҳрим ва ҳимоят аз мухолифони давлати Венесуэла талош мекунанд, давлати қонунии Николас Мадуро, раисиҷумҳури қонунии ин кишварро, ки рӯйкарди зидди амрикоӣ дорад, сарнагун кунанд.

 

 

Барчасп