Донишҷуён, Трампро даст андохтанд
Рӯзномаи Вашингтон пост фош кард, раисиҷумҳури Амрико ба тозагӣ дар суханрониаш, бо иқдоми донишҷуён дар намоиш як тасвир танзомез мувоҷиҳ шуд.
Ин рӯзномаи амрикоӣ рӯз панҷшанбе гузориш дод, донишҷӯёни ширкаткунанда дар маросиме, ки созмони Turning Point Usa рӯзи сешанбе дар Вашингтон баргузор кард, ҳангоми суханронии Доналд Трамп, вайро даст андохтанд(масхара кардан).
Дар ин маросим, донишҷуён тасвире аз намоди раёсатҷумҳурии Амрико бар пардаи бузург нишон доданд, ки дар он ба ҷойи уқоби яксар, уқоби дусар намоиш дода шуд, тасвире, ки намоди таърихии Русия аст.
Бар болои ин тасвир, рақами 45 навишта шуда буд, ки ба Трамп ба унвони 45-умин раисиҷумҳури Амрико ва арӯсаки хаймашаббозӣ ишора дошт ва дар бахше аз он низ теъдоде чӯби голф, бозии мавриди алоқаи Трамп мушоҳида мешуд.
Вашингтон пост навишт, голф бозии Трамп, то кунун 102 миллион доллар харҷ рӯйи дасти молиётдиҳандагони амрикоӣ гузоштааст.
Созмони Turning Point мегӯяд, ки намедонад ин тасвири дасткорӣ шуда чигуна аз маҳалли суханронии Трамп сар дароварда ва ҷустуҷӯ барои ёфтани омил ё омилони ин иқдом ба натиҷа нарасидааст.