Кушта шудани 10 низомии покистонӣ дар марзи Афғонистон
Июл 27, 2019 20:12 Asia/Dushanbe
Артиши Покистон дар баёнияе аз кушта шудани 10 марзбони ин кишвар дар наздикии марз бо Афғонистон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи артиши Покистон омадааст, дар ин ҳамалот, ки имрӯз- шанбе дар нуқтаи марзии Вазиристони Шимолӣ, дар шимоли ғарб ва минтақаи марзии Чаман, дар иёлати Балучистон, дар ҷануби ғарби Покистон рӯй дод, террористҳо аз хоки Афғонистон мошини ҳомили марзбонони покистониро ҳадаф қарор доданд.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.