Кушта шудани 10 низомии покистонӣ дар марзи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45457-Кушта_шудани_10_низомии_покистонӣ_дар_марзи_Афғонистон
Артиши Покистон дар баёнияе аз кушта шудани 10 марзбони ин кишвар дар наздикии марз бо Афғонистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 27, 2019 15:42 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 10 низомии покистонӣ дар марзи Афғонистон

Артиши Покистон дар баёнияе аз кушта шудани 10 марзбони ин кишвар дар наздикии марз бо Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи артиши Покистон омадааст, дар ин ҳамалот, ки имрӯз- шанбе дар нуқтаи марзии Вазиристони Шимолӣ, дар шимоли ғарб ва минтақаи марзии Чаман, дар иёлати Балучистон, дар ҷануби ғарби Покистон рӯй дод, террористҳо аз хоки Афғонистон мошини ҳомили марзбонони покистониро ҳадаф қарор доданд.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.